Мақомот: Ҳоло маълум нест, ки сабаби марги сокини Ваҳдат "сибирская язва" аст

Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби фавти сокини 31-солаи шаҳри Ваҳдатро таҳқиқ мекунад.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии хадамот дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ниҳод сабаби марги сокини деҳаи Роҳатии шаҳри Ваҳдатро таҳқиқ дорад ва ҳоло муайян нест, ки ӯ аз кадом беморӣ ба ҳалокат расидааст.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ин сокини рустои Роҳатӣ аз бемории сӯхтанӣ ё "сибирская язва" фавтидааст. Ба гуфтаи онҳо ин мард, ки аз ӯ Наимҷон ном бурда мешавад, касби қассобӣ дошта, гӯиё ду рӯз қабл баъд аз забҳи гове ба ин беморӣ дучор гардидааст.
Сӯхтанӣ, ки бо номҳоии сиёҳзахму карбункул ва дар забони русӣ аз он «сибирская язва» ҳам ном мебаранд, намуди хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшие ба шумор меравад, ки ба одам низ сироят мекунад.
Сӯхтанӣ одатан дар пӯсти инсон ё чорво реш давонда, дар як муддати кӯтоҳ беморро аз пой меафтонад ва ҳатто метавонад ба марг бирасонад. Дар давраҳои пешин ин беморӣ бо номи "персидский огонь" ("сӯзоки форсӣ") низ маъруф будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |