Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ҳамлаи Толибон ба консулгарии ИМА
Як гуруҳ аз ҷангиёни ҳаракати Толибон субҳи имрӯз, 13-уми сентябр ба консулгарии ИМА дар вилояти Ҳироти Афғонистон ҳамла кардаанд. Дар ин бора Бӣ-бӣ-сӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, нахуст як маргталаб мошини ҳомили бомбро дар наздикии бинои консулгарӣ таркондааст. Баъдан, ҷангиёни дигар бо шумули маргталабон талоши вориди бино шуданро кардаад. Кормандони амниятии консулгарӣ ва ҷангиён бо ҳам даргир шуда, задухурди мусаллаҳона ба вуқуъ пайвастааст.
Бино ба иттилои расида, чанд тан аз кормандони пулиси афғон ба ҳалокат расидааст. Маълумоти зиёде алъон рӯи даст нест.
Дар арафаи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, ҳамлаҳои ҷангиён ба иншооти давлатӣ ва мансуб ба амрикоизҳо афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |