Раҳмон аз СҲШ хост ба Афғонистон кӯмаки бештар кунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми сентябр, дар шаҳри Бишкек ҳангоми ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай хоҳони ҳамкории бештар шудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор доштааст, ки “тайи 12 соли фаъолияти пурсамар Созмони ҳамкории Шанхай ба ниҳоди воқеан фаъол ва дорои обурӯ ва нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба дурнамои авзои Афғонистон пас соли 2014, ки нерӯҳои НАТО аз қаламрави он берун мешаванд, таъкид кардааст, “мо вазифадорем, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз ба Афғонистон кумаки моддию маънавии муассир расонем, то ки сулҳу субот дар ин кишвари дорои таъриху фарҳанги пурғановат барқарор гардида, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он рушди бонизом дошта бошад”.
Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид доштааст, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо ...” таъмин карда шавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай аз сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири созмон ва шарикони муколама даъват намуд, ки соли оянда ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Дафтари матбуот хотиррасон мекунад, ки пас аз ҳамоиши Бишкек раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон мегузарад ва ҳамоиши соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |