Раҳмон хост, амалиёти қудратиҳои тоҷику афғон ҳамоҳанг бошад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 13-уми сентябр дар шаҳри Бишкек бо президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай мулоқот карда, асосан масоили амниятиро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст, «самимона орзумандам, ки сулҳ, субот ва пешрафти ҳамагонӣ дар Афғонистон ҳарчи зудтар таъмин гардад ва мо вориди марҳалаи нав дар дӯстии таърихӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар гардем.»
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, «мо метавонем бо саъю талоши муштарак, бахусус дар мубориза бо террористон, ифротгароён, қочоқбарон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, марзи ду кишварро ба марзи мутмаини дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем».
Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки «шӯрои муштараки ҳамоҳангсози сохторҳои амниятӣ ва сарҳадии ду кишвар таъсис дода шавад».
Дар мавриди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳарду ҷониб ба тезондани корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |