Баҳси тарҳҳои кӯҳна бо президенти нави Эрон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, имрӯз, 13-уми сентябр, бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот карда, асосан ҳамкориҳои тиҷорию сармоягузориро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак зикр карда, изҳори боварӣ намудааст, шуд, ки Эрон дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатти интиқоли нерӯи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки ҳарду ҷониб ба баргузор намудани як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе барои таъмини иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |