Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА се зина поён рафт

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 12 сентябр мунташир шуд, се зина поён рафта, бо 181 имтиёз дар мақоми 117-ум қарор дорад.
Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15-ум ва миёни тимҳои миллии кишварҳои Шӯравии пешин дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Эстония, Гурҷистон, Озарбойҷон, Литва ва Латвия пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини ФИФА дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Аргентина дар ҷойи дувум ва Олмон дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия, Колумбия, Белгия, Уругвай, Бразилия, Ҳолланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.
Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб омода шуда, ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 буд. Рейтинги минбаъдаи FIFA 17-уми октябри соли 2013 нашр хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |