Ғорати як духтари мактабхон, ки телефони гаронарзиш доштааст
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон бо ҷурми ғорат ва тасарруфи як телефони гаронарзиш аз дасти духтари мактабхон, як ҷавони 22-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ВКД рӯзи 10-уми сентябр ба пулис Мирзоева Зарафот истиқоматкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа, муроҷиат карда, арз намудааст, ки ҳамон рӯз дар кӯчаи С.Мирзоев шаҳрванд Холиқов Бахтиёр Аскарович, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин шаҳр, ошкоро ва бо роҳи зӯроварӣ сумкаи духтари ноболиғаш Мирзоева Галя Исматовна, соли таваллудаш 1998, хонандаи литсейи техникиро рабуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ба иттилои манбаъ дар дохили сумка, 1 адад телефони мобилии тамғаи «Гелакси S-4», маблағи пулии 20 сомонӣ, 2 адад китоби англисӣ ва дафтарҳои дарсӣ, ҷамъ ба маблағи 3100 сомониро ташкил медод, мавҷуд будааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муттаҳам ба ин ғоратгарӣ дастгир шуда, айни ҳол нисбати ҳодиса тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |