Саволи Шумо ба Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), омодааст, ба ҳама саволҳои хонандагони торнамо ё сайти “Озодагон” посух гӯяд. Ин сӯҳбати онлайнии оқои Кабирӣ бо хонандагони мо дар остонаи Анҷумани навбатии ҲНИТ ва баъд аз эълони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баргузор мешавад.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки се моҳ пештар таъсис шуда, ҲНИТ ва ҲСДТ шомили онанд, рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива плюс”-ро ба унвони номзади ягона эълон карданд. Ин тасмими ИНИТ вокунишҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Иддае гуфтанд, ҳаққи Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров буд, ки ба ҳайси номзад дар ин интихобот ширкат ҷуста, бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат бикунанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ва Зоиров хонум Бобоназароваро номзади арзанда дониста, аз тарафдорону аъзои ҳизби худ хостанд, то ба пуштибонӣ аз ӯ якҷоя кор кунанд.
Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии Ҳизби наҳзати исломиро бар дӯш дорад ва ду дафъа вакили парлумон интихоб шудааст. Вай 20-уми июли соли 1965 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, то кунун дар мақоми ёвари раиси Кумисюни оштии миллӣ ва раҳбари Маркази “Диалог” кор кардааст. Оқои Кабирӣ айни замон президенти Федератсияи гандболи Тоҷикистон низ мебошад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |