Дар Қазоқистон 117 шаҳрванди Узбакистонро боздошт карданд
Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 117 шаҳрванди Узбакистонро боздошт кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, ин шаҳрвандони Узбакистон дар истгоҳи бозрасии "Роҳи абрешими автомобилӣ"-и ин кишвар боздошт шудаанд. Ин ниҳод далели аслии боздошт шудани муҳоҷирони узбакро надоштани иҷозатномаи будубош дар қаламрави ин кишвар унвон кардааст.
Манбаъ мегӯяд, аз миёни боздоштшудагон 24 нафарашон дар муҳлати муқарраршуда аз тарки хоки Қазоқистон саркашӣ намуда, 93 нафари дигар умуман дар мақомоти муҳоҷирати ин кишвар бақайд гирифта нашуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |