Дар Хуҷанд теъдоди ришдорону ҳиҷобпӯшонро дақиқ мекунанд?
Бархе аз сокинони Хуҷанд ба “Озодагон” муроҷиат карда, аз бозпурсии маъмурони пулис дар бораи мардони ришдору занони ҳиҷобпӯш изҳори ташвиш карданд.
Рустам Гулов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳам гуфт, давоми чанд моҳи охир дар Хуҷанд маъмурони пулис хона ба хона гашта, дар бораи занони ҳиҷобпӯш ва ё мардони ришдор суолу ҷавоб мекунанд. Барои мисол, оқои Гулов мегӯяд, дар маҳалаи онҳо ваколатдори оперативии Шӯъбаи умури дохилӣ Тошматов З.Ш. бо раиси маҳалла хона ба хона гаштаанд.
“Ба хонаи мо ду бор омаданд. Ман дар ҳарду ҳолат дар ҷойи кор будам. Бо модарам сӯҳбат карданд. Якум бор ду моҳ қабл ва боз рӯзи 10-уми сентябр ин пурсуҷӯ сурат гирифт. Онҳо аз модарам пурсидаанд, ки дар ҳамсоягии мо чанд нафар ришдор ва ё ҳиҷобдор зиндагӣ мекунад. Модарам аз онҳо нахуст дар мавриди муҳимияти ин ҷузъиёти зиндагии ҳамсояҳо суол мекунанд. Дар ҷавоб Тошматов мегӯяд, ки ба хотири амнияти сокинон бояд онҳо теъдоди занони ҳиҷобдор ва мардони ришдорро дақиқ намоянд”,-афзуд мусоҳиби мо.
Рустам Гулов мегӯяд, модараш ба лейтенанти милитсия гуфтааст, писаронаш ҳам гоҳ-гоҳе риш мемонанд ва ин набояд мушкил барои мақомот бошад. “Модарам гуфтаанд, аслан ҳамсояҳое, ки зиёрат аз Ҳаҷ кардаанд, риш мондаанду ҳиҷоб доранд ва онҳо барои амнияти маҳалла ҳеч хатаре надоранд. Модарам ҳамзамон аз кордзанӣ ва бо маводи мухаддир боздошт шудани ҳамсояҳо мисол оварда ба лейтинант гуфтааст, ин ду нафаре, ки ҳоло боздошт шудаанд, на ҳиҷоб доштанду на риш. Аз ин хотир, хатарро Шумо набояд миёни ҳиҷобдорҳову ришдорҳо ҷустуҷӯ намоед.”
Рустам Гулов мегӯяд, лейтенанти милитсия аз модараш рақами телефони ҳамроҳашро гирифта, вале то ба ҳол мустақим суҳбат анҷом надодаанд. Ин дар ҳолест, ки Идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд рейди маъмурони пулис дар бораи дақиқ кардани мардони ришдору занони ҳиҷобпӯшро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ин иттилоъ асос надорад, вале эҳтимол барои ифшои кадом ҷинояте нафароне дар ин маврид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта бошанду халос.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |