Охири ҳафтаи гузашта, ё худ 23-юми июли соли равон кўмакҳои башардўстона бо супориши подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе расид.
Ин кўмаки башардўстона ба миқдори 200 тонна иборат аз маводи ғизоӣ ва хурмо буда, ҳадя ба мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, ёрии башардўстонаро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт сафири ин кишвар дар ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, аъзои сафоратхона, роҳбари барномаи байналмилалии ғизо, дабири кулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндаи вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд.Сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил дар ин росто тавзеҳ дод, ки бинобар амру супоришҳои воломартаба, пеш аз моҳи шарифи Рамазон, маводди ғизоӣ ва хурмоҳо ба ниёзмандон расонда мешаванд.{jathumbnail off}
Мӯҳр