Эмомалӣ Раҳмон озими Бишкек шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз зуҳри имрӯз, 12-уми сентябр барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай озими Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Президенти академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар иҷлоси навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, рӯзи 12-13-уми сентябр дар Бишкек дар назар аст, иштироки раисони ҷумҳури Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Муғулистон, Афғонистон ва Эрон дар назар аст.
Ба иттилои мақомоти қирғиз ҳайати бархе аз кишварҳо, бахусус Ҳиндустон ва Покистон низ ташриф хоҳанд овард. Инчунин, дар иҷлоси мазкур ду муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, “ЕврАзЭС” ва Шанхай иштирок хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |