Зоиров аз ҷонибдоронаш хост, ба ҳимояти Бобоназарова бархезанд

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукияш, аз тарафдорони худ ва инчунин Ҳаракати миллии Тоҷикистон, созмони “Гуруҳи 24”, созмони “Ватандор”, созмони “Лаъли Бадахшон”, аҳзоби сотсиалистӣ, коммунистӣ, демократӣ ва дигарон даъват намудааст, аз номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентӣ пуштибонӣ кунанд.
Зоиров бо зикри аҳамияту тақдирсозии интихоботи 6-уми ноябри соли равон даъват намудааст, ки машғули кӣ ҳақу кӣ ноҳақ нашавему аз номзади ягона ҳимоят кунем. Зоиров ҳушдор додааст, ки “агар дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқи якдигарнофаҳмию муносиботи байниҳамӣ гардем, пайомадҳои манфӣ хоҳем ба бор овард. Муҳим, имрӯз номзади ягона аз ислоҳотхоҳон пешниҳод шудааст ва мо бояд таваҷҷуҳамонро барои пуштибонии ӯ муттамарказ кунем, ки нахустин зани тоҷики номзад ба президентӣ мебошад.”
Зоиров афзудааст, дилхоҳ айбдоркунию бознигариҳо дар ҳоли ҳозир барои заъфи иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсии тоҷик рӯзи 10-уми сентябр дар пайи ҷаласаи навбатии ИНИТ номзади ягонаи ин иттиҳод дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон гардид. Бобоназароваи 65-сола аввалин зани тоҷик аст, ки барои курсии президентӣ вориди корзор мешавад. Вай ҳоло раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |