Сардухтуру раиси шаҳр ҳам қароргоҳи ҲНИТ-ро тафтиш мекунанд
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хостори тафтиши қароргоҳ ё дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд шудааст.
Кумита бо ирсоли як нома аз раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Идораи заминсозӣ, меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ширкати Тоҷиктелеком, Идораи дин ва шабакаҳои барқу сардухтури Хуҷанд хостааст, бо ташкили як кумисюн дафтари шаҳрӣ ва вилоятии ҲНИТ-ро аз назар гузаронда, баъдан хулосаи худро пешниҳод кунанд. Ин нома бо имзои Тӯраев Ш. Ғ. рӯзи дувуми сентябр навишта шудааст.
Илҳом Ёқубов, раҳбари шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар Суғд, гуфт, “субҳи 12 сентябр чанд нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қароргоҳи шуъбаи вилоятии ҲНИТ ворид шуда, хостанд, биноро аз назар гузаронанд.” Вале ба гуфтаи мусоҳиби мо далели тафтиши қароргоҳи ҲНИТ то ҳол ироа нашуда ва ин тафтишҳо бидуни огоҳии онҳо сурат мегирад.
Аммо дар номаи Кумитаи амнияти миллӣ ба унвонии ниҳодҳои расмии Суғд омадааст, “бинобар зарурияти хизматӣ бо ташкил намудани як комиссия фаъолияти бахши шаҳрии дар Хуҷандбудаи ҲНИТ ва вилоятии дар вилояти Суғдбудаи ҲНИТ-ро дар бинои воқеъ дар микроноҳияи 20-уми Хуҷанд оиди ҷавобгӯ будан ба меъёрҳо ва талаботи мавҷуда мавриди санҷиш қарор дода, ба суроғаи мо хулосаҳои худро пешниҳод намоед.”
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо бештар аз 40 ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф ба ҳисоб меравад. Аммо баъд аз дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ бо гуруҳе аз имомхатибони масоҷиди кишвар пешниҳоди ҳазфи номи Ислом аз унвони ин ҳизб садо дод. Инчунин, аксари рӯҳониён аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ҳизб дар Ислом дуруст нест ва ба ин тартиб баста шудани ҲНИТ-ро дар миён гузоштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |