Боздошти корманди тақаллубии ҳукумат дар Суғд
Мақомоти пулиси вилояти Суғд як сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан, ки худро бардурӯғ корманди ҳукумат муаррифӣ намуда, қаллобӣ мекардааст, боздошт намудаанд.
Акбар Шарипов, масъули Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, имрӯз, 12-уми сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, боздоштшуда Зайниддин Солев худро корманди ҳукумат муаррифӣ намуда, аз се сокини шаҳри Истаравшан ва як нафар аз ноҳияи Масҷоҳ барои ҷудо кардани қитъаи замин ба миқдори гуногун маблағ гирифтааст.
Шарипов афзуд, ки воқеан Зайниддин Солеви 35- сола, сокини шаҳри Истаравшан ва муваққатан бекор будааст. Ба иттилои манбаъ айни ҳол нисбати боздоштшуда, парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯи моддаи қаллобӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |