Душанбе ба ташрифи Наришкин омода мешавад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ (палатаи болоии парлумони Тоҷикистон) 11-уми сентябр Леонид Слутский раиси Кумита оид ба корҳои ИДМ ва робита ба ҳамватанони Думаи Давлатии Русияро ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ сафари Слутский дар доираи тарҳрезии барномаи ташрифи қарибулвуқӯи Раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ дар мулоқот бо Слутский, Убайдуллоев хостори густариши ҳамкориҳо шуда, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳидаро дар Тоҷикистон зарур хондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |