Сармураббии мунтахаби Узбакистон баъд аз шикасти тимаш истеъфо дод
Мирҷалол Қосимов, сармурабии дастаи футболи мунтахаби Узбакистон аз вазифааш истеъфо дод.
Ба навиштаи торнамои “championat.com”, Қосимов гуфтааст, баъди шикасти дастаи мунтахаби Узбакистон дар бозии ҳалкунандаи интихобии “Ҷоми ҷаҳони 2014” дигар наметавонад, мунтахаби миллиро раҳбарӣ кунад.
Сармурабии дастаи мунтахаби Узбакистон дар шикасти дастааш худро гунаҳгор дониста, аз ҳаводорони тими миллии ин кишвар узрхоҳӣ кардааст.
“Мақсади мо иштирок дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2014 буд, вале мутаассифона муваффақ нашудем. Аз ин рӯ ман аз мақоми худ истеъфо медиҳам. Барои даста як неруи тоза лозим аст.”-афзудааст, Қосимов.
Маврид ба зикр аст, ки тими миллии Узбакистон дар бозии ҳалкунандаи интихобии “Ҷоми ҷаҳон- 2014” аз дастаи миллии Урдун шикаст хурда, аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |