Боздошти гуруҳи нашъаҷаллобон дар рӯзи ҷашни Истиқлол
Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон рӯзҳои иди Истиқлол дар вилояти Суғд, як гурӯҳи ҷинояткоронро, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъадор машғул будаанд, ифшо кардааст.
Тибқи иттилои Агентӣ 3 нафар дастгир шудаанд, ки яке аз онҳо хонандаи синфи 11-уми гимназияи шаҳри Хуҷанд мебошад.
Манбаъ мегӯяд, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ташкилотчии гурӯҳи ҷиноятпеша истиқоматкунандаи 34-солаи шаҳри Чкаловск буда, соли 2010 барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 «қаллобӣ» суд шудааст: “Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи роҳбари гурӯҳи мазкур низ аз дохили он низ маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.”
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати иштирокчиёни гурӯҳи нашъаҷаллоб бо моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, «муомилоти маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш» парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |