Мавзуна, духтари Умрихола мегӯяд соли зиёде аз истиқлол нагузашта вай шавҳар кард ва аз истиқлолият танҳо ҳамин рӯз яъне рӯзи издивоҷ барояш ширинтарин лаҳза аст.
Умрихола, як сокинони 62- солаи Хуҷанд, ҳанӯз 20 -сол қабл замоне, ки қадами нахустини худро аз сохти шуравӣ ба як кишваре бо номи Тоҷикистони тозаистиқлол гузошт, дар корхонаи бофандагии шаҳри Хуҷанд кор мекард ва ҳамроҳ бо шавҳараш, ки корманди мақомоти қудратӣ буд хонаводаашро, яъне чаҳор фарзандашро таъмин мекард.
Вай дар бораи вожаи «истиқлол» ва истилоҳи «кишвари озод» оддитарин тасаввуреро надошт. Вале ба ин фикр буд, ки акнун бо фурӯпошии шуравӣ зиндагиаш боз ҳам зеботару пурмаънотар хоҳад шуд. Пас аз се соли фаъолият дар корхонаи мазкур, бинобар бӯҳрони молӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шуд ва Умрихола наметавонист, маоши худро сари вақт дарёфт кунад. Муассиса ҳам пас аз як муддати дигар фалаҷ шуд ва коргарони худро раҳо кард. Аз ин корхона Умрихола ҳеҷ чиз бо худ набурд, ба ҷуз ҳунари бофандагие, ки тайи ин чанд сол хеле моҳир шуда буд:
«Замони советӣ шароит хеле хуб буд, ҳудуди 20- сол дӯзандаву бофанда шуда кор мекардам. Шӯравӣ барҳам хӯрд, хеле азоб кашидем, баъди чанд сол кам- кам ҳисоби зиндагимонро
пайдо кардем. Ҳозир дар хона нишаста корҳои дӯзандагиамро идома медиҳам ва бо ин роҳ рӯзиамонро дарёфт мекунем», мегӯяд Умрихола.
Дар замони шӯравии собиқ ба ҷуз аз кори коргоҳ дар дигар ҷой иҷозат намедоданд ва имкон ҳам надошт, зеро дар се баст кор мечархид ва имкони озодонаро надошт. Ҳоло бошад, бо ин ҳунари худ аз хонааш берун нарафта, зиндагии як хонаводаи бузургашро таъмин мекунад.
Мавзуна, духтари Умрихола мегӯяд соли зиёде аз истиқлол нагузашта вай шавҳар кард ва аз истиқлолият танҳо ҳамин рӯз яъне рӯзи издивоҷ барояш ширинтарин лаҳза аст.
Мусоҳибам холаи Умрӣ мегӯяд, дар замони шӯравии собиқ дар бораи мушкили барқу газу об аслан фикр намекард, зеро шабонарӯз бо он таъмин буд. Аммо пас аз як ду соли ба истиқлол расидан ҳам газ қатъ шуд, барқ хомӯш шудан гирифт ва ҳатто лӯлаи об низ гоҳ- гоҳ хушк мешуд:
Душворӣ ва шириниҳои истиқлол
«20 - сол пеш дар замони шӯрави шароит хуб буд, ҳама чиз: газ , барқ ва ҳатто оби гарм буд, батареяҳо кор мекард, ҳоло батареяҳо занг зада фарсуда шудааст, бисёриҳо онҳоро канда партофтаанд, об баъзан соатҳо намешавад, барқ ҳам гоҳе бо сабабҳои номаълум соатҳо хомӯш мешавад, пештара барин не».
Умрихола мегӯяд вақте ки Тоҷикисон ба истиқлол расид ,бештар бим доштааст, ки акнун зиндагиаш чӣ хоҳад шуд? Зеро корхона аз кор монду вай бекор монд, ӯро мутаасир карда буд.
Ҳоло мегӯяд, ки дар истиқлолият зиндагӣ кардан душворӣ ҳам дорад вале шириниҳои зиёд ҳам доштааст:
«Орзуи ягонаам ин аст, ки як фарзанди дигарамро хонадор кунам. Аз Худо таманно мекунам, ки маро ба чунин рӯз насиб гардонад, дигар аз зиндагӣ чизи беше умед надорам. Илоҳо Тоҷикистони мо обод шавад, рушд кунад, тинҷӣ бошад».
Ҳоло Умрихола 62- умин соли ҳаёташро пушти сар мекунад, вале бо вуҷуди солхурдагӣ ҳунари бофандагиро канор намегузорад.
Ба ин тартиб, дар остонаи 20 -умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон аксар сокинони оддии вилояти Суғд ба ин мӯътақиданд, ки истиқлолият дарҳои бастаро ба рӯи онҳо боз кардааст, аммо бархеи дигар аз ин қишр чун мусоҳиби аввалини мо Умрихола мегӯянд, «бо гузашти ду даҳсола ҳамоно печидагиҳои фаровон дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба чашм мехӯрад, ки аслан ин гуна мушкилиҳо дар ҳаёти мардуми замони шӯравӣ ба мушоҳида намерасид».
Қамари Аҳрор, Хуҷанд{jathumbnail off}
Мӯҳр