Раҳимов аз ҳамлаи террористии 11 сентябр зикр кард

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми сентябр, дар мулоқот бо Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе мубориза бо таҳдидҳои муосир, ки характери глобалӣ пайдо кардаанд, баррасӣ намуд.
Тавре аз ВКД иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов аз терракти 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, ёдовар шуда, иброз намудааст, ки «ин амали террористие, ки дар Амрико рух дод, фоҷиаи тамоми ҷаҳон буд. Бинобар ин мо бояд дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ ба муқобили терроризм мубориза барем. Мо бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамкории зич дорем ва ҳамеша кӯмаки онҳоро эҳсос менамоем».
Ба иттилои манбаъ тарафҳо зимни вохӯрӣ оид ба хатарҳо ва таҳдидҳо баъди баровардани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва тақвият додани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир ибрози андеша намудаанд.
Сюзан Эллиотт баробари зикри барномаҳо дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инкишоф додани нақши занон дар ҷамъият, гузаронидани тренинг ва семинарҳо барои кормандони пулиси тоҷик ба вазири умури дохилии Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳоро идома хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |