АКС: Интиқоли ҳазор нафар барои пахтачинӣ аз Хуҷанд ба Зафаробод
Рӯзи чоршанбеи 11-уми сентябр беш аз ҳазор нафар аз шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ба ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Зафаробод фиристода шуданд.
Иброҳим Иброҳимов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин гурӯҳ аз одамони касбу кори гуногун иборат буда, онҳо давоми ду ҳафта ба кишоварзон кумак хоҳанд кард.
Мусоҳиби мо афзуд, то соли 2009 барои ҷамъоварии пахта дар навоҳии пахтакори Суғд донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳо низ ҷалб мешуданд, вале ҳоло аз заҳмати пахтачинӣ озоданд.
Хабарнигори мо дар Хуҷанд аз лаҳзаи сафари беш аз ҳазор нафар аз Хуҷанд ба Зафаробод чанд аксе бардоштааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |