Тими миллии Сан-Марино дар панҷ соли охир ба задани гол муваффақ шуд
Футболбозони тими миллии Сан-Марино дар панҷ соли ахир ниҳоят дар бозиҳои расмӣ ба задани гол муваффақ шуданд. Дар ин бора торнамои Dirty Tackle хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шоми 10-уми сентябр дар чорчуби даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 Сан-Марино бо мунтахаби Лаҳистон қувваозмоӣ кард. Дар дақиқаи 10-ум Петр Зелинский ба дарвозаи Сан-Марино гол зад. Баъди 12 дақиқа Алессандро Делла Валле ҳисобро баробар намуд. Аммо натавонистанд, ҳисоби мусовиро ҳифз кунанд. То охири бозӣ футболбозони Лаҳистон чор туби дигарро вориди дарвозаи Сан-Марино карданд.
Дар ҳашт дидори даври интихобӣ Сан-Марино 43 гол хӯрдааст. Охирин маротиба мунтахаби Сан-Марино дар бозиҳои расмӣ октябри соли 2008 гол зада буд. Он вақт дар чорчуби даври интихобии МҚҶ-2010 аз тими Словакия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.
Дар рейтинги ФИФА Сан-Марино дар мақоми охир - 207-ум қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |