Гази туркманӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин интиқол меёбад
Мақомоти Бишкеку Пекин барои бунёди хатти интиқоли гази Туркманистон-Узбакистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба тавофуқ расиданд.
Осмонбек Артикбаев, вазири саноат ва энергетикаи Қирғизистон рӯзи 11-уми сентябр бо Сюй Шаошӣ, раиси Кумитаи оид ба рушду ислоҳоти Чин тавофуқномаеро дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар барои бунёди хатти интиқоли гази мазкур имзо намудаанд.
Ба гуфтаи Артикбоев, ин тавофуқнома Қирғизистонро танҳо барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди хатти интиқоли гази мазкур уҳдадор мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар пайи сафари Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин ба Туркманистон созишномаҳои таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар, аз ҷумла оид ба сохтмони хатти интиқоли гази Туркманистон ба Чин ба имзо расида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |