Сартоҷ Азиз: Исломобод мухолифи сарсахти ҷанг дар Сурия аст

Сартоҷ Азиз, мушоври аршади нахуствазири Покистон дар умури байналмилал бори дигар бар мухолифати қотеи Исломобод бо ҳар гуна мудохилаи низомӣ дар Сурия таъкид кард.
Ба гузориши хабарнигори “Форс” дар Исломобод Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон дар умури байналмилал дар бораи тарҳи Амрико барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Сурия гуфт: Покистон мухолифи сарсахти ҳар навъ иқдоми низомӣ ва мудохилаи хориҷӣ дар Сурия аст.
Вай бо ишора ба ин, ки ҳеч санаде дар бораи истифодаи давлати Сурия аз силоҳи химиёӣ вуҷуд надорад , таъкид кард, ҳар навъ иқдом бар зидди Сурия қабл аз такмил шудани гузориши Созмони милал, маҳкум аст.
Нахуствазири Покистон, ки дар ҷамъи хабарнигорон дар Исломобод сӯҳбат мекард, таъкид кард, давлати Исломобод хоҳони он аст, ки масъалаи Сурия тавассути мардуми ин кишвар ва ба сурати демократӣ ҳал шавад. Вай дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, дар мулоқот бо дабири кули Созмони милали муттаҳид мавзуъи таваққуфи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бе сарнишини амрикоӣ ба манотиқи қабойлии Покистонро матраҳ кардам ва эшон уҳдадор шуданд эътирози Покистон нисбат ба идомаи ин ҳамалот тибқи қавонини байналмилалиро пайгирӣ шавад.
Сартоҷ Азиз ҳамчунин бо ҳушдор дар бораи паёмадҳои бурузи ҷанги дохилӣ дар Афғонистон пас аз соли 2014 таъкид кард, ки Исломобод тамоми талоши худро барои ташкили раванди сулҳ дар Афғонистон, ба кор хоҳад баст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |