Сӯзондани 60 000 диски филмҳои туркӣ ва ҷавобгарии “Насиҳат”
Идораи “Тоҷиккино” барои тарҷума ва дубора ба фурӯш гузоштани ду силсилафилми туркӣ бо забони тоҷикӣ – “Водии гургон” ва “Пайроҳаи тақдир” студияи “Насиҳат”-ро ба додгоҳ кашидааст. Бежан Қурбонов, сардори бозрасии давлатии назорат дар соҳаи маводи аудиовизуалии “Тоҷиккино”, 11-уми сентябр ба “Озодагон” гуфт, дар баробари студияи «Насиҳат» бархе аз афроди алоҳида низ чунин филмҳоро аз Интернет гирифтаву бо сифати паст ба фурӯш гузоштаанд.
Мусоҳиби мо афзуд, дар чанд рӯзи ахир 60 ҳазор диски ин ду филми туркиро аз фурӯшгоҳҳо ҷамъоварӣ намуда, сӯзонда нобуд кардаанд. “Ҳоло боз тақрибан 10-15 ҳазори дигар дар идора ҷамъ шудааст”,-илова кард ӯ.
Бежан Қурбонов гуфт, филми туркии «Водии гургон» ва «Пайроҳаи тақдир» қаблан аз тариқи студияи «Ҳамсадо» бароварда мешуд, ки ҳоло ин студия ба баровардани ин филмҳо машғул нест. Баҳори соли гузашта бар асоси дастури роҳбарияти “Тоҷиккино” истеҳсол, тарҷума ва нашри силсилафилмҳои туркӣ, аз ҷумла «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Ҳомиён», «Водии гургон» дар қаламрави Тоҷикистон манъ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |