Ду голи Месси ба Аргентина роҳхат ба МҚҶ-2014-ро овард
Лионел Месси дар дидори тими миллии Аргентина бо мунтахаби Парагвай дар доираи Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 оид ба футбол ду гол зад.
Бозӣ шаби гузашта дар Парагвай баргузор шуда, бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи меҳмонҳо анҷом ёфт. Ҳар ду туби Месси (дақиқаҳои 12 ва 53) аз зарбаи ҷаримавӣ вориди дарвозаи ҳариф шуд. Муаллифи се голи дигар Серхио Агуэро (дақиқаи 30), Анхел ди Мария (50) ва Макси Родригес (90) мебошанд. Голҳои Парагвайро Хосе Нунес (19) ва Роке Санта Крус (86) ба нишон расонданд.
Ин пирӯзӣ ба тими миллии Аргентина имкон дод, ки то анҷоми даври интихобӣ ширкаташ дар МҚҶ-ро таъмин созад. Баъди 14 дидор Аргентина 29 имтиёз дорад. Парагвай бошад аз шонси ба МҚҶ-2014 рафтан маҳрум шуд. Аз минтақаи Амрикои Ҷанубӣ тими миллии Бразилия низ ҳамчун мизбони сабқат кафолати ширкат дар МҚҶ-ро дорад.
Қаблан, ИМА, Коста-Рика, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Нидерландия ва Италия ҳам ба ин мусобиқаи бонуфуз роҳхат гирифтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |