Раддияи Абдулманнон Додоев ба иддаои Раҳматилло Зоиров
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) дар номае ба иддаои Раҳматилло Зоиров, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро якуним миллион нафар гуфта буд, ҷавоб додааст. Кумисюн дар номаи худ ин рақамро нодуруст шуморида ва инчунин ҳаққи муҳоҷирон барои ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назарашонро ғайривоқеӣ донистааст.
Абдулманон Додоев, роҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, гуфтааст, онҳо бо раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз як сол ин масъаларо омӯхта, рӯйхати шаҳрвандонеро, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, тартиб додаанд. “Дар натиҷа, миқдори умумии муҳоҷирони корӣ муайян гардиданд, ки шумораи онҳо тақрибан аз 800 то 900 ҳазор мебошанд”,-афзудааст ӯ.
Додоев дар ин номаи худ ба Зоиров гуфтааст, қонунгузор ҷамъоварии имзоҳо берун аз марзи Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст. Ба қавли ӯ, ҳангоми имзоҷамъкунӣ дар хориҷи кишвар эҳтимоли ба тақаллубкорӣ ва қонуншиканӣ роҳ додан зиёд аст: “Илова ба ин имконияти таъсиррасонии нерӯҳои беруна дар хориҷи кишвар зиёд буда, ба изҳори озодонаю ихтиёрии иродаи интихобкунандагон таъсир мерасонад. Агар дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар 8 шаҳри калонтарини Русия қитъаҳои интихоботӣ ташкил шуда бошанд, пас дар интихоботи имсолаи президентӣ дар назар аст, дар Русия 22 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шаванд.”
Чанде қабл Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки аз 28-уми август то 3-юми сентябри соли ҷорӣ дар Русия ва Қирғизистон қарор дошт, дар суҳбат ба “Озодагон” иттилои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР-ро, ки шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия камтар аз 1 миллион гуфта буд, нодуруст хонд. Зоиров барои он ки муҳоҷирон ҳуқуқашонро барои овоздиҳӣ амалӣ кунанд, танҳо дар шаҳри Маскав ташкили беш аз 170-180 ҳавзаи интихоботиро зарур дониста ва афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав чунин имкониятро надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |