Бахшҳо

Узви "Тоҷикистони нав": Вазъи кишвари мо бисёр аламовар аст

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” бо Одилхон Саъдуллоев, мутахассиси бахши энержӣ ва узви гурӯҳи муассисони ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав”.


Озодагон: Беш аз 20 сол мешавад, ки аҳолии Тоҷикистон дар орзуи раҳоӣ аз чанги норасоии барқ дар кишвар, бахусус дар фасли сармо, мебошанд. Ба назари Шумо, ҳамчун як мутахассиси ин соҳа, Тоҷикистон кай ба истиқлолияти энержӣ мерасад?

Саъдуллоев: “Барои пурра таъмин кардани аҳолӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, яъне аз ҳеч кас вобаста нашавем, ҳамин рӯз кӯшиш кардан даркор, ки ақалан ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дарояд. Дар он ҳолат мо метавонем, гӯем, ки мо аз нуқтаи назари энергетикӣ таъмин ҳастем.”

Озодагон: Шумо дар ҳоле аз бунёди “Роғун” ҳарф мезанед, ки коршиносон мегӯянд, ба хотири падидаи сиёсӣ шуданаш ин нерӯгоҳ, эҳтимол ба зудӣ бунёд нашавад. Ба андешаи Шумо, имрӯз роҳҳои дигари аз миён бардоштани лимити барқ дар кишвар мавҷуд ҳаст?

Саъдуллоев: “Фикр мекунам, ҳозир имкони барҳам додани лимит вуҷуд дорад. Агар ду корпуси 11-12-и заводи алюминий аз кор тамоман монанд, дар фасли зимистон, ин ба мо имконият медиҳад, 200 мегават иқтидори қувваро сарфа кунем. Ҳамин қадар нерӯи барқ, яъне 200 мегават истифода бурда нашавад. Ғайр аз ин, 10 корпуси боқимондаи электролизи ин корхона бояд дар фасли камобӣ, яъне дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон аз таъмири капиталӣ гузаранд. Агар ду корпуси калонаш 100 мегаватӣ бошад, 200 мегават, боқимонда низ қариб 200 мегават тахминан гӯем 400 мегават сарфа мешавад. Ин 400 мегавати мо тахминан 3 миллиард киловат соат дар як сол, вале дар мавсими шаш моҳ гирем, яку ним миллиард киловатт соат барқ дар ним сол сарфа мешавад, ки аслан норасоии барқ дар мавсими зимистон аст. Ин як паҳлуи масъала, дуюм, мо бояд дар ҳамин маврид, дар ҳамин фасли камобӣ ғайр аз нерӯгоҳи “Норак”, дигар нерӯгоҳҳое, ки дар поёноб ҳастанд, аз ҷумла, “Бойғозӣ”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда – 2”, нерӯгоҳҳои марказӣ, ҳамаи онҳоро ба кор дароварда, танҳо дар фасли тобистон таъмир кунем. Зеро дар тобистон ин агрегатҳо агар таъмир ҳам шаванд, нерӯгоҳи Норак об ки бисёр дорад, ҳамаи агрегатҳояшро кор мефармояд, аз барқ таъмин мекунад. Зарурати ин нерӯгоҳҳоро ба кор даровардан нест. Инҳо агар кор кардан гиранд, мо метавонем, барқро ба дигар кишварҳои хориҷ низ фурӯшем. Ин дуюм воситаи барҳам додани лимит аст. Мумкин 100 дарсад ҳам набошад, аммо амалан лимитро барҳам додан мумкин. Боз як воситаи кам кардани хароҷоти нерӯи барқ вуҷуд дорад. Ман гуфта будам, ки нархи барқро бардоштан даркор. Яъне вақте мо нархи барқро мебардорем, даромади буҷа зиёд мешавад. Лекин вазъияти корхонаҳо вазнин шуданаш мумкин, барои он ки вазъияти корхонаҳо вазнин нашавад, андозро кам кардан лозим. Ҳамон миқдоре, ки корхонаҳо барои хариди барқи қиматшуда зарар мебинанд, тахминан ҳамон қадар андозро кам кардан даркор. Дар ин ҳолат на корхона зарар мебинад, на буҷаи давлат. Вақте мо нархи барқро бардоштем, корхонаҳо ҳаракат мекунанд, ки фоида ба даст оранд. Сарфакор мешаванд, барқро зиёд истифода намекунад. Имконияти сарфа кардани он зиёд аст. Яъне мо агар аз як тараф барқро кам сарф кунем, аз тарафи дигар барқро зиёд истеҳсол кунем ва барқро сарфакорона истифода барем, аз нуқтаи назари нархаш метавонем ҳамаи мушкилиҳоро ҳал кунем: камтар барқ сарф мешавад, лимит барҳам мехӯрад. Лекин ҳозир мо наметавонем корхонаҳои навро ба кор дарорем. Аммо оҳиста – оҳиста, “Сангтӯда – 2” боз як агрегаташ ба кор медарояд, нерӯгоҳҳои дигар ҳаст, Маркази барқугармидиҳии Ёвон ва Душанбе вуҷуд дорад, ки на фақат гармӣ медиҳад, балки барқ ҳам содир карданашон мумкин. Мо бо ҳамин роҳҳо метавонем, ки лимитро бардорем. Дар худи мавсими ҳаминсола. Ё то дараҷаи минималӣ кам кунем, ки ҳис карда нашавад. Боз як чизи дигарро низ бояд ба назар гирифт. Имрӯз агар Шумо аҳамият дода бошед, қариб дар аксари кучаву хиёбонҳои Душанбе тариқи лӯлаи резинӣ обро бароварда, об дода истодаанд. Ин кори хубе нест, вақте оби ошомиданиро барои об додани замин истифода мекунанд. Шаҳрдорӣ бояд сокинонро барои об додани дарахтон аз оби иригатсионӣ аз дарёҳо таъмин кунад. Ҳоло дар ҳамаи кӯчаву майдончаҳо латок хобонида шудааст, вале даруни онҳо холӣ аст. Латокҳое, ки барои обёрӣ насб шудаанд, холӣ буда, баръакс тавассути лӯлаҳо мардум гулгаштҳоро об медиҳанд. Инро ман ба хотири сарфаи барқ мегӯям. Зеро барои дар он лӯлаҳо об омадан барқ масраф мешавад. Аммо фикр мекунам, дар шароити имрӯза метавон ба истиқлолияти энергетикӣ расида натавонем ҳам лимитро пурра метавон барҳам дод.”

Озодагон: Аз нигоҳи Шумо имкон дорад, ки Тоҷикистон то 7 соли дигар ба яке кишвари содиркунандаи барқ табдил ёбад?

Саъдуллоев: “Бале, имкон дорад, агар раҳбарии бахши иқтисоди Тоҷикистон дигар шаванд.”

Озодагон: Барои чӣ?

Саъдуллоев: “Зеро аксари намояндагони ҳукумати имрӯза иқтисодиётро роҳбарӣ карда наметавонанд. Инро қаблан ҳам гуфта будам ва имрӯз ҳам такрор мекунам. Агар дар дигар масъалаҳо каму беш натиҷа дошта бошанд, дар масъалаи иқтисодиёт тамоман натичаи зарурӣ нест. Барои мисол, мо ҳозир дар бораи барҳам додани лимит гап задем. Ин бояд дар сатҳи вазорати энергетика ҳал шавад. Ин кори онҳост, ки бо якҷогии роҳбарони корхонаҳо ҳал кунад. Азбаски ин корро анҷом намедиҳанд, фаҳмида мешавад, ки онҳо инро намедонанд, агар медонистанд, мекарданд.”

Озодагон: Далели Шумо кадом аст?

Саъдуллоев: “Ба наздикӣ барои мо як таҷҳизот лозим шуд, ба Комбинати равғанбарории шаҳри Душанбе рафтем. Дару девораш маҳкам. Ба як зӯрӣ нигаҳбони корхонаро ёфтем. Даромадем даруни корхона, касе нест. Ин дар ҳолест, ки замоне ман ҳамчун мутахассиси ҷавон ба ин корхона фиристода шуда будам, ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 100 тонна равған мебаровард. Сифати баланд. Маргарин омода мекард, дигар чизҳо. Зиёда аз 500 нафар кор мекард. Ҷанобон корхонаро кайҳо боз хусусӣ кардаанд. Тамоми таҷҳизот нобуд шуда, дубора барқарор кардани он амри маҳол мебошад. Қонун ҳаст дар бораи хусусикунонии корхонаҳо. Корхона агар хусусӣ карда шуд, наметавонад самти фаъолияташро иваз кунад. Ин корхона ҳамчун комбинати равғанбарорӣ чандин сари сол кор намекунад. Фарз кунем, Давлаталӣ Саидов чаро намепурсанд, ки ин корхона барои чӣ кор намекунад? Вақте корхонаи хусусикардашуда дар доираи самти фаъолияташ кор намекунад, пас, хусусикунониаш барҳам мехӯрад, қарор дар бораи хусусикунӣ бекор мешавад, аммо чаро хунукназарӣ менамуданд? Мисоли дувум заводи яхдонбарорист. Ба ғайр аз нигаҳбон он ҷо низ касе кор намекунад. Он ҳам корхонаи майда набуд. Ё ин ки дар Корхонаи нассоҷӣ зиёда аз 14 ҳазор одам кор мекард. Ҳоло бинед. Ин корхонаро низ ҷанобон хусусӣ кардаанд. Хусусӣ карда 1400 нафар низ дар ин корхона фаъолият надорад. Ё заводи ФАНОН-ро гиред. Дар ин ҷо низ вазъият на он қадар хуб аст. Ин мисоли он аст, ки ҷанобон иқтисодиётро роҳбарӣ карда наметавонанд.”

Озодагон: Шомил шудани Шумо ба ҳизби Тоҷикситони нав хоҳиши шумо буд ё даъват карданд?

Саъдуллоев: “Не, хоҳиши худам буд. Маро касе даъват накардааст. Вақте ки матни барнома чоп шуд, дар рӯзнома хондам, бо барнома шинос шудам, худам наздашон рафтаму гуфтам ки фалон нафарам, 30 сол дар истеҳсолот кор кардам, ҳамин барномаи Шумо барои ман қобили қабул аст, агар мумкин бошад, маро ҳам қабул кунед. Онҳо гуфтанд, ки агар розӣ бошед, ҳамчун муассис қабул мекунем. Аз бовариашон бисёр сарфароз ҳастам.”

Озодагон: То ин вақт чанд нафар бо сабабҳои гуногун ин ҳизбро тарк кард, оё эҳтимол дорад, ки Шумо ҳам дар оянда таҷдиди назар кунед?

Саъдуллоев: “Тамоман эҳтимол надорад. Ман ҳамон вақте ба “Тоҷикистони нав” муроҷиат кардам, ки Зайд Саидов дар маҳбас буд. Ман аз ин чизҳо, ки ба ақидаи Темур Варқӣ “крыси бегут из тонушего корабля” огоҳ будам. Аъзои чунин ҳизб будан орзуи деринаи ман аст. Ҳолате ки дар кишвар мебинам, бисёр аламовар аст, барои одаме, ки номус дораду фикри ватану фарзандонашро мекунад. Ман ин ҳизбро ҳеч гоҳ намепартоям. Агар ҳама партофта раванд ҳам, ман тарк намекунам. Ба фикрам ҳамаи аъзои гуруҳи муассисон рафиқоне ҳастанд, ки чунин ақида доранд.”
Мӯҳр
in mutaxasis mebud kaiho yagonjo rais memondan.in guftahoi inro hukumat sad bor hato dar tv-guftan.vatana dustdori ba rogun rav kor kun.

Умар-Исфара
офарин!Ман хам хамчун хукукшинос ва рузноманигоре,ки холо дар Руссия мухочирам тайёрам ба ин хизб бипайвандам!Зеро мисли ин марди БАОРУ БАНОМУС вичдон дорам ва холати кунунии чумхуриро дида дилам хун мегиряд.

Акнун дилам аз ин хизб монд.Хайрият онро сабт накарданд.Бо чунин дуруги махз мардумро фиреб додан аблахис.Се сол боз корпуси 12-12 -12 Б ва 4 корпуси электролиз кор намекунанд.Ин ришаки ракамхро аз бойгонии Вазорат ёфтааст.акалан киловатро аз мегават фарк кун.Бо чунин "мувафакият" ту бояд "Хизби Точикистон дар гор"-ро ташкил мекарди

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)