Тӯраҷонзода -- шахси боэътимоди номзади ислоҳотхоҳон дар интихоботи 6 ноябр
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, нафари боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон гардид.
Оқои Тӯраҷонзода ҳангоми суханронияш дар ҷаласаи ИНИТ, ки рӯзи даҳуми сентябр баргузор шуд, аз пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ислоҳотхоҳон барои сабқат дар курсии раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ кард. Вай гуфт, ҳамеша тарафори андешаҳои мардумсолории ин ҳуқуқшинос буду ҳаст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо дарназардошти авзои сиёсии кишвар гуфт, “дар марҳилаи феълӣ пешбарии номзади хонум Бобоназарова интихоби дуруст мебошад. Хоҳиш мекунам, худатон вазъиятро дарк кунед. Баъзе ҳассосият ва нозукиҳо ҳам ҳаст инҷо. Ман ҳамеша ҷонибдори ислоҳот будам. Ҳеч хусумате ба ҳукумат надорам, аммо агар сиёсати кишвар ба ин шева идома биёбад, мо ба соҳили наҷот нахоҳем расид.” Ҷаноби Тӯраҷонзода афзуд, ҳозир аст барои ҳимоят аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ва ворид шудани ӯ ба корзори интихоботи президентӣ ҳамаҷониба кумак расонад.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун танҳо номзадии Ойниҳол Бобоназарова аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, дақиқ шудааст. Аҳзоби сиёсӣ гуфтаанд, анҷуманҳои худро то охири сентябр ва аввали октябр баргузор ва дар он номзадҳои худро мушаххас хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |