ВУХ-и Русия ҳамлаи НАТО ба сокинони осоиштаро маҳкум кард
Намояндаҳои Вазорати умури хориҷии Русия ҳодисаи кушта шудани сокинони осоиштаи Афғонистон дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО-ро шадидан маҳкум кард.
Ин ҳодиса 9-уми сентябр дар музофоти Кунор иттифоқ афтода бар асари он дасти кам 9 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки миёнашон 4 зан ва 4 кӯдак будааст.
Аз ин пештар ҳукумати Афғонистон низ ҳодисаи мазкурро маҳкум карда буд.
Ин ҳодисаи аввалине нест, ки сокинони осоиштаи Афғонистон мавриди ҳамлаи неруҳои ҳавоии НАТО қарор мегиранд. Фармондеҳии НАТО дар Афғонистон мегӯяд, чунин ҳодисаҳо иштибоҳан ба вуқуъ пайваста ва ҳадафи неруҳои эътилоф ҷангиёни Толибонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |