Тӯраҷонзодаҳо ба муқобили тиҷорати мӯи сар
Сомонаи Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон фурӯш ва баҳрабардорӣ аз муйи сарро ҳаром хондааст.
Ин торнамо ба суоли яке аз корбаронаш гуфтааст, фурӯхтани мӯи сари одамӣ ва баҳра ҷустан аз он ба иттифоқи мазоҳиби чаҳоргона ҳаром мебошад. Чун ба навиштаи Turajon.org, фурӯхтани аҷзои одамӣ ин як навъ беэҳтиромӣ нисбати инсон аст.
Торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо мегӯяд, ҳаром будани фурӯши аҷзои одамӣ яке аз далоили дигарест, ки инсон аз нигоҳи Ислом қадру манзалати воло дорад: “Дар ҳоле ки чунин ҳукм дар қавонини имрӯзаи муддаиёни ҳуқуқи башар ёфт намешавад.”
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир фурӯш ва харидории мӯи сари занҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар бархе аз манотиқи кишвар онро бар ивази ашёи лозимаи рӯзгор мехаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |