Ҷузъиёти бозпурсии 4 узви фаъоли ҲНИТ дар Кумитаи амнияти миллӣ

Чаҳор узви ҳайати эъзомшудаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба Бадахшон, ки рӯзи ҳафтуми сентябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуда буданд, ҷузъиёти суҳбаташон бо маъмурони амниятиро шарҳ доданд.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ва яке аз даъватшудаҳо, гуфт, маъмурони амниятӣ бештар дар бораи баёноте, ки моҳи гузашта дар Хоруғ дода буданд, суҳбат кардаанд. Мусоҳиби мо афзуд, “чаҳор узви ҳайати эъзомшудаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба Бадахшон -- Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва ман Зарафо Раҳмонӣ, ки ба КДАМ даъват шуда будем, ширкат доштем. Дар ҷараёни суҳбат ба мо маълум гардид, ки манзур аз ин даъват ба хотири ошкор гардидани ҷинояти дар шаҳри Хоруғ рухдода будааст.”
15-уми августи соли ҷорӣ як ҳайат аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои анҷоми сафари корӣ ба вилояти Бадахшон рафта буданд, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд. Ҳамлагарон бештар Саодатшо Адолатшоевро мавриди латту кӯб қарор дода буданд, ки ҳоло раҳбарии бахши бадахшонии ҲНИТ-ро ба уҳда дорад. Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ низ хостори онанд, ки ин ҷиноят ҳарчи зудтар ошкор гардад.
“Моро барои он даъват карда буданд, ки дар бораи баёноти додаамон рӯшанӣ андозем, то барои таҳқиқи ин қазия ба онҳо кумак кунад. Ин суҳбати мо бо масъулини КДАМ тӯли якуним-ду соат давом кард ва онҳо хеле як суҳбати хуб анҷом доданд”,-афзуд Зарафо Раҳмонӣ.
Ин бори аввал нест, ки аъзои ин ҳайати эъзомшудаи ҲНИТ ба Бадахшон ба Идораи амният ва дигар ниҳодҳои давлатӣ даъват мешаванд. Чанд рӯз пештар яке аз аъзои ин ҳайат ба дафтари КДАМ дар Душанбе даъват шуда ва дар робита ба сафари ҳайат бозпурсӣ гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |