Эстрадаи Қазоқистонро аз сарояндаҳои беҳунар пок карданиянд

Овазхонҳои попи Қазоқистон тасмим гирифтаанд, садди вуруди сарояндаҳои беҳунар ба шоу бизнес шаванд. Ба қали онҳо чунин афрод ба номи хонандаҳои ҳирфаӣ доғ меоранд.
Бино ба иттилои расонаҳои Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди беҳунарон ба шоу-бизнес ниҳоди вижае бо номи Иттиҳоди сарояндаҳои эстрада таъсис ёфтааст. Ташаббускорони таъсиси ин иттиҳодия гуфтаанд, онҳоро рӯи саҳна омадани бархе беҳунарон нигарон кардааст. Махсусан афроде, ки ҳатто маълумоти махсус надоранд. Ба гуфтаи оно феълан ҳеч маҳфиле нест, ки бидуни ширкати чунин овозхонҳо баргузор шавад: онҳо ҳама ҷоро “муҳосира” кардаанд шуруъ аз маъракаҳои интихоботӣ то тӯйҳо.
"Иттиҳоди сарояндаҳои эстрада барои беҳтар шудани сатҳи касбии овозхонҳо кӯмак мерасонад. Бояд онҳое рӯи саҳна биёянд, ки арзандаанд”, - изҳор доштааст Баурҷон Иброҳимов, раҳбари иттиҳодия.
Иттиҳодия тасмим дорад роҳи саҳнаро барои онҳое, ки ба меъёрҳои муайянкардааш мувофиқат намекунанд бандад. Ҳатто барои бо фонограмма хондан ҳам чунин “ҷазо” пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, барои расидан ба ҳадаф аъзои иттиҳод қасд доранд бо вакилони парлумон ҳамкорӣ намуда, тарҳи қонунеро ҳам таҳия намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |