Қазоқистон 60 шаҳрванди Узбакистонро депорт кард
Қазоқистон 60 шаҳрванди Узбакистонро аз қаламрави кишвараш берун кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо ин афрод, дар ҳудуди вилояти Қизилордин бидуни иҷозат ба фаъолияти меҳнатӣ машғул будаанд. Tengrinews.kz бо такя ба прокуратураи нақлиёти вилоят навиштааст, "зимни як санҷиш маълум гардид, ки ширкатҳои ТОО "Элта W" ва ТОО "Орал дизайн стройсервис" барои таъмири бинои истгоҳҳои роҳи оҳани Шиели, Аралск ва Саксаулск ба ҷои шаҳрвандони Қазоқистон муҳоҷирони меҳнатиро ба кор гирифтаанд".
Ба хабари манбаъ, муҳоҷирон боздошт ва аз қаламрави кишвар берун шудаанд. Ба ҷои онҳо шаҳрвандони маҳаллиро ба кор қабул кардаанд. Масъулини ширкатҳоро барои истифодаи меҳнати афроде, ки иҷозаи кор надоранд, ҷарима бастаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |