“Регар” бар ССКА пирӯз шуд. Акнун навбати "Равшан"-у "Истиқлол"

Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар нахустин бозии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон тими ССКА “Помир”-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, дар ҷадвали мусобиқот як зина боло рафт ва аз дастаи “Хайр”-и Ваҳдат пеш гузашт.
Ин дидор мебоист шоми 7-уми сетябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад. Аммо ба далели ин ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” ба варзишгоҳи “Металург” кӯчонида шуд, бозии “Регар-ТадАЗ”-у ССКА “Помир” як рӯз пеш, 6-уми сентябр, баргузор гардид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 12 (1:0) ва Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 26 (2:0) ба ҳадаф расониданд. Як голи дигари ғолибонро Комил Саидов дар дақиқаи 84 аз ҷаримагоҳ (пеналти) ба ҳадаф расонд (3:1). Ду голи дастаи ССКА “Помир”-и Душанберо Джеймс Адди, легионери ганагӣ дар дақиқаҳои 54 ва 90+2 ба ҳадаф расонид.
Ёдовар мешавем, бозии дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 7-уми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода баргузор мегардад. Ин бозиро довари қазоқистонӣ Сергей Гороховодатскийи 36-сола доварӣ мекунад. Ҳамватанонаш - Серик Қошқарови 40-сола ва Самат Тергеусизови 27-сола ёварони ӯ таъин шудаанд.
Феълан дар ҷадвали мусобиқот дастаи Равшан бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Истиқлол” бо 24 имтиёз дуюм, “Регар -ТадАЗ” бо 19 имтиёз сеюм ва “Хайр” бо 17 имтиёз дар зинаи чорум ҷо гирифтаанд.
Нишонзанони беҳтарин: Ҳусейни Суҳробӣ (“Хайр”/”Истиклол”) - 7 гол, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 6 гол, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиклол”) - 5 гол, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) - 4 гол.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |