Муҳиддин Кабирӣ дуздидани раъйи мардумро таҷовуз номид
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо гуруҳе аз ҷавонон дуздидани раъйи сокинон дар интихоботҳоро таҷовуз номид.
Оқои Кабирӣ гуфт, “дуздидани раъйи мардум ҳам таҷовуз аст, мисле ки дуздидани мол таҷовуз аст.”
Раиси ҲНИТ гуфт, ҳоло лаҳзаи навмедӣ нест, балки бо тамоми нерӯ талош шавад, то аз раъйҳоямон дифоъ кунем ва интихоботро роҳи ҳал бидонем. “Мо мегуфтем, ки сабри наҳзатиҳо бемарз аст, аммо дидем, ки сабри бародарони мисрӣ аз сабри мо бештар аст. Агар дар ин роҳ ҳастед, сабур ва пойдор бошед. Аз бародарону хоҳароне, ки моро мебинанду мешунаванд, хоҳиш мекунам, ки аз интихобот ва мардумсолорӣ ноумед нашаванд”,-афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ инчунин дар бораи бекории ҷавонон, фишори мақомот ва барномаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон сӯҳбат карда, дар ин робита ба саволи ҷавонон посух додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |