Даъвати ҳайати эъзомшудаи ҲНИТ ба Хоруғ ба Кумитаи амният

Чаҳор узви ҳайати эъзомшудаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) ба Бадахшон -- Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва Зарафо Раҳмонӣ ахиран ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шудаанд.
Аз ҲНИТ ба “Озодагон” гуфтанд, ки номаи Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 6-уми сентябр бо имзои корманди он -- Меликов М. Э. ба дасти онҳо расидааст. Ба иттилои манбаъ, КДАМ ҳадафи ин даъватро “ба масъалаи ба даъватшавандаҳо тааллуқдошта” гуфта, аммо ҷузъиёти бештареро зикр накардааст. “Ҳарчанд дар нома аз онҳо ҳамчун шоҳид ва шахсони даъватгардида ном бурдааст, вале аз ҳодисае, ки онҳо шоҳид будаанд, ном набурдааст”,-афзуд манбаъ.
Дар ин нома таъкид шудааст, “шоҳид ва шахси даъватгардидае, ки бе сабабҳои узрнок ҳозир намешавад, таҳти овардани маҷбурӣ қарор гирифта, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.”
Ин бори аввал нест, ки аъзои ин ҳайати эъзомшудаи ҲНИТ ба Бадахшон ба Идораи амният ва дигар ниҳодҳои давлатӣ даъват мешаванд. Чанд рӯз пештар яке аз аъзои ин ҳайат ба дафтари КДАМ дар Душанбе даъват шуда ва дар робита ба сафари ҳайат, бахусус дар бораи ҳодисаи ҳамлаи ашхоси номаълум болои ин ҳайат, ки бегоҳи 15-уми августи 2013 рух дода буд, бозпурсӣ гардида буд. Дар ин ҳамла болои ҳайати мазкур Саодатшоҳ Адолатшоев мавриди латту кӯб қарор гирифт ва он дар расонаҳо дар ҳол нашр шуда, сарусадоҳоеро ба бор оварда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |