Додоҷони Атовулло: “Дар ҳукумате, ки адолат нест, инсон қадр надорад”

Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ба раҳбарии Додоҷони Атовулло дар 13 банд пешнависи барномаи ислоҳотии худро интишор додааст.
Интихобӣ шудани раҳбарони шаҳру вилоятҳо, кам кардани андозу коҳиш додани сафи кормандони давлатӣ, мубориза бо фасоди молӣ ва якҷоя намудани Вазорати умури дохиливу Кумитаи амнияти миллӣ аз нуктаҳои муҳими пешнависи барномаи “Ватандор”-анд. Инчунин, бар асоси ин лоиҳа раисиҷумҳур танҳо барои чаҳор сол интихоб шуда, баъд аз он бо хоҳиши худ бояд аз вазифа биравад.
Додоҷони Атовулло мегӯяд, ин барнома ба интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ рабте надорад. Ба гуфтаи ӯ, “ин танҳо маромнома ва таманнономаи Ватандор аст.” Дар ҳоле ки ба бовари раҳбари “Ватандор”, “ман ба ин интихобот бовар надорам. Кай дидаед, ки аз мурғ шир бидӯшанд? Касе ба интихобот дар як кишвари диктаторӣ бовар мекунад ё одам нест, ё аз ин олам нест!”
Оқои Атовулло мегӯяд, ҳоло ин пешнависи барнома барои баррасӣ ва такмили он ба мардум пешниҳод шудааст: “Мо мехоҳем, дар ин замина назару пешниҳоди ҳамватанонро бигирем. Ақлҳо ақлҳоро ёрӣ диҳад.” Ба қавли раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, талоши онҳо барои адолатпарвар шудани давлату давлатдорӣ будааст. “Зеро дар ҳама ҳукумате, ки адолат нест, инсон қадр надорад ва ин ҳукумат ба як дастаи авбошон бадал мешавад”,-таъкид кард ӯ.
“Ҳукумате, ки мо мехоҳем, сохторе, ки мо орзуяш дорем, ҳукумате бошад, ки дар ғами ҳар як шаҳрвандаш бошад. То як одам - рӯбанда, академик, аскар ё донишомӯз бовар дошта бошад, ҳукуматаш, президенташ, раҳбараш дар фикри ӯст. Ва ин ҳукумат ӯро бекору бехонаю бе табибу бе пуштибон намемонад”,-афзуд Додоҷони Атовулло.
Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |