Ҷашни асосии истиқлол дар Наврӯзгоҳи пойтахт мегузарад
Тантанаҳои бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли Тоҷиикистон рӯзи 9-уми сентябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор хоҳад шуд.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, дар тантанаҳои ҷашни истиқлол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва инчунин 15 ҳазор шаҳрванди кишвар иштирок хоҳанд кард.
Баргузории ин чорабинӣ ба ӯҳдаи шаҳрдории Душанбе буда, дар он овозхонҳои маъруф ҳунарнаомӣ мекунанд. Ҳамчунин як намоиши театрӣ ба маърази тамошобинон гузошта хоҳад шуд, ки онро ҳунарманди мардумӣ Убайдулло Раҷабов омода кардааст.
Тоҷикистон, ки то оғози солҳои навадуми қарни гузашта таҳти итоати Шӯравии пешин қарор дошт, 22 сол қабл истиқлоли худро эълон кард. Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо гузашти 22 сол кишвар натавонистааст ба истиқлоли иқтисодиву энержӣ бирасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |