Сайидалӣ Сиддиқов: “Шаҳрвандони ҳар кишвар бояд аз воқеият огоҳ бошанд”
Мустаҳкам намудани равобити расонаҳои хабарӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти Урумчии Хитой будааст.
Дар доираи баргузории намоишгоҳи байналмиллалии ЭКСПО “Чин-АвруОсиё-2013” намояндаҳои бахши иттилоотии кишварҳои Чин, Аврупо ва Осиё масъалаи ҳамкории тарафайн ва таъмини шаҳрвандон бо иттилои саҳеҳро матраҳ кардаанд.
Сайидалӣ Сиддиқов, муовини раҳбари Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфтааст: “Шаҳрвандони ҳар кишвар бояд аз воқеият огоҳ бошанд. Дар пахши иттилоот расонаҳои хабарӣ бояд ба манфиатҳои давлативу миллии худ аҳамият дода, барои муттаҳидшавии мардум мусоидат намоянд”.
Дар фарҷоми ҷаласа ширкатдорон Консенсусро қабул кардаанд, ки дар он гуфта мешавад, “расонаҳои хабарии Чин ва кишварҳои Аврупову Осиё бояд барои муваффақияти бештар талош дошта, фазои иттилоотиро барои афкори омма ташкил намоянд”.
Гуфта мешавад, дар нишасти мазкур намояндагони кишварҳои Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Болорусу Афғонистон ширкат доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |