Убайдуллоев хонум Барбараро ба Душанбе даъват кардааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 6-уми сентябр як ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Душанбе аз Ройтлингени Олмонро таҳти сарварии аъзои Маҷлиси шаҳрии Ройтлинген ҷаноби Юрген Штрауб, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ зимни мулоқот Убайдуллоев аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ имрӯз имкон медиҳанд, ки дар радифи табодули таҷрибаи ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳоти фарҳанг ва маорифу тандурустӣ бахши сайёҳӣ низ рушд кунад.
Ба иттилои манбаъ Юрген Штрауб ба Маҳмадсаид Убайдуллоев номаи шодбошии Обербургомистери Ройтлинген, хонум Барбара Бошро ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида, аз бардоштҳои неки худ оид ба пешрафтҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама пойтахти он шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фарҷом тариқи меҳмонон аз Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бош даъват кардааст, ки дар чорабиниҳои марбут ба ҷашни 90- солагии мақоми пойтахт ба Душанбе ташриф орад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |