Таъсиси минтақаи озоди тиҷорӣ миёни Чину Тоҷикистон
Тоҷикистону Чин мехоҳанд барои рушди тиҷорат миёни ин ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ як минтақаи озоди тиҷорӣ таъсис диҳанд.
Дар ин бора Матлубхон Давлатов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон дар суҳбат бо “China Daily” ҳарф задааст. Ба гуфтаи Давлатов, имкон дорад ин минтақаи озоди тиҷорӣ дар маҳалли тоҷикнишини Тошқурғони Чин, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро ба ҳам мепайвандад, ташкил дода шавад.
Матлубхон Давлатов, ҳайати Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ – ярмаркаи 3 -юми байналмилалии ЭКСПО «Чин – АвруОсиё – 2013» дар шаҳри Урумчӣ раҳбарӣ мекард.
Тибқи омор Чин баъд аз Русия бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон маҳсуб шуда, гардиши коло миёни ин ду кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 247 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |