Ҷонибдории С. Абдулқодирзода аз намозхонии кӯдакон
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз намозхонии кӯдакон ҷонибдорӣ кард.
Абдулқодирзода, ки рӯзи 6-уми август ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, “вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад. Албатта ин намоз агар намози воқеӣ бошад, на мисли дона чидани мурғ.”
Раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз усули тарбияи бархе волидайни тоҷик ибрози таассуф намуда, афзуд: “Баъзе волидайн чун тифли онҳо забон кушод ба он дашному ҳақорат нишон медиҳанд. Ҳар вақт, ки тифл забони худро бо дашном кушод, ӯ дигар на эҳтироми падару модарро медонад на дигарро.”
Инчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз бадрафтории бархе аз намозгузорони кишвар низ ибрози нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд,”баъзеҳо меоянд, намоз мехонанд, саҷда мекунанд, вале боз пояфзолро дуздида мераванд.”
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон қонун дар бораи масъулияти падару модар қабул гардида, тибқи он рафтани наврасони то 18-сола ба масҷид манъ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |