Комиссияи интихобот қасамхӯрӣ бо Қуръонро рад кард
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, ки ду бор барои ишғоли курсии парлумон дар интихобот ширкат кардааст, имрӯз, 6-уми сентябр, зимни як ҳамоиш ба Шермуҳаммади Шоҳиён -- раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки масъулини қитъаҳои овоздиҳӣ ба Қуръони Карим савганд ёд кунанд, ки аз рӯи воқеият кор хоҳанд кард.
Раҷаби Мирзо гуфт, чун мо Кодекси ахлоқро дар интихобот надорем, хуб мешуд, ки ҳамон кормандони қитъаҳои овоздиҳӣ бо Қуръон қасам хӯранд, ки аз рӯи виҷдону воқеият амал хоҳанд намуд.
Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин пешниҳодро рад кард ва далел овард, ки “чун кишвари мо озоду демократӣ аст, мо наметавонем, аъзои участкаҳои интихоботиро маҷбур кунем, ки ба Қуръон қасам хуранд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |