Мушовири президент алайҳи истеъфои Оқил Оқилов баромад
Ҷумъахон Давлатов, мушовири президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ имрӯз, 6-уми сентябр, зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, бо қарори нави ҳукумат дар мавриди сабукдӯш кардани нафақахӯрон чандон розӣ нест.
Давлатов афзуд, ки албатта тибқи қонун дар кишвар мардон аз синни 63 ва занон аз синни 58-солагӣ ба нафақа мебароянд. Бо вуҷуд мушовири президент таъкид намуд, ки барои ба истеъфо рафтани Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, ки ба синни нафақа расидааст, розӣ нест: “Оқилов яке аз сарвазирҳои муваффақ буда, агар лозим бошад, ман ба тарафдории ӯ овоз хоҳам дод.”
Ин нуктаро мушовири президент дар посух ба пурсиши хабарнигорон гуфт, ки пурсиданд оё имкон дорад, дар сурати пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, аз аҳзоби мухолиф Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ё Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ба сарвазири таъин гардад, чун Оқил Оқилов, сарвазири феълӣ ба синни 70 солагӣ расидааст. Оқил Оқилов аз соли 1999 инҷониб дар симмати сарвазирӣ фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |