Барои ширкат дар сабқати раиси ҷумҳурии Қирғизистон 23 нафар расман ариза пешниҳод намудаанд.
Дар ин бора маркази матбуотии КМИ-и Қирғизистон хабар медиҳад. Дар сафи муддаиёни курсии президентӣ, довталаби ду навбат нокомшудаи интихоботи президентии Қирғизистон Акбаралӣ Айтикеев низ буда, хамчунин роҳбари хочагии деҳқонӣ, 5 нафар бекор, генерал -майори собиқи милиса, раиси собиқи Додгоҳи олӣ, соҳибкор, полковники мустафъии вазорати дифоъ, муҳаррири рӯзномаи овозадор ва ҳамчунин 5 номзад аз шумули 150 ҳизби сиёсии расмии Қирғизистон будаанд.
Дар ҳамин ҳол чеҳраҳои бонуфузи ин кишвар нахуствазири Қирғизистон Алмазбек Атамбаев,сарвари мухолифин дар порлумон Омурбек Текебаев ва чанд нафари дигар тасмими ширкаташонро дар интихобот ҳанўз маълум накардаанд. Президенти вақти Кирғизистон Роза Отунбаева мутобиқ ба қонунгузории ин кишвар ҳаққи ширкати дубораро барои талоши маснади президентӣ надорад. Коршиносони қирғиз гуфтаанд, бо ин вуҷуд, ки теъдоди зиёд худро муддаии курсии президентӣ эълон кардаанд, аммо барои иҷрои ин ният беш аз 30 миллион доллар маблағ лозим аст, ки танҳо 5 ё 6 нафари бозингарони сабқати президентӣ ин маблағро доро будаанду бас. Гуфтанист, ваколатҳои президенти давраи гузариши Қирғизистон Роза Отунбоева 31 декабр ба поён мерасад.{jathumbnail off}
Мӯҳр