Раиси дастгоҳи КМИР: Мо ба ручкаи касе ниёз надорем!
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми сентябр дар ҳузури хабарнигорон танқисӣ аз маводи конселяриро рад намуда, таъкид кард, ки ба ручкаҳои касе ниёз надоранд.
Додоев афзуд, Комиссияи марказии интихобот дар ҳавзаҳо тамоми шароитро барои овоздиҳӣ муҳайё хоҳад кард: “Мо ба ручкаи касе ниёз надорем. Ҳама чиро худамон муҳайё мекунем.” КМИР мегӯяд, беш аз 25 номгӯи маводи конселяриро дар ҳавзаҳо фароҳам хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, чанд рӯз қабл дар мулоқот бо аҳзоби сиёсӣ бо ишора ба маблағгузорӣ нашудани баргузории интихобот аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ гуфт, КМИР дар ин интихобот бори аввал тамоми хароҷотро бар уҳдаи худ гирифта, имкони расонидани нусхаи протоколро ба ҳамаи нозирон надорад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар навбати худ аз пеш овардани далелҳое ба монанди норасоии маблағ интиқод намуд. Ба гуфтаи вай, барои нусхабардорӣ кардани протокол шояд ҳатто ҳазор сомонӣ масраф нашавад. Раҳбари ҲНИТ гуфт, ки “чандин бор пешниҳод кардем, то варақаҳои интихоботӣ бо қалам пур карда нашаванд. Аммо ба мо мегӯянд, барои таъмини ҳавзаҳои интихоботӣ бо ручка маблағ надорем. Чунин далелҳо набояд бошад. Дар Тоҷикистон камтар аз 4 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ аст ва барои таъмини онҳо бо ручка ҳамагӣ ҳазор сомонӣ кифоя аст.”
Дар пасманзари ин гуфтаҳо бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштаанд, ки омодаанд барои саҳмгузорӣ дар интихоботи шаффоф ба КМИР ручка ё худкор тақдим кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |