Ошкоргӯии узви ҲНИТ боиси басташавии чойхона гардид (АКС)
Масъулони Маркази назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба дари чойхонае, ки дар он Даврон Қодиров, узви Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ба ҳайси ошпаз кор мекард, муҳр задаанд.
Даврон Қодиров, ба қавли мақомоти ҲНИТ дар Суғд, тайи даҳ рӯзи охир таҳти фишори маъмурони амниятӣ қарор доштааст. Худи Қодиров се рӯзи пеш дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, маъмурони амниятӣ аз ӯ хостаанд, аз узвият дар ҲНИТ даст кашида, ба муқобили он сӯҳбат кунад. “Онҳо гуфтанд, якум бояд барои мо аз ҷаласаҳои ҳизб иттилоъ расонӣ. Дувум аризаи худро навишта, аз узвият дар ин ҳизб даст кашӣ. Ман бори аввал ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешудам, чӣ гуфтанамро намедонистам. Гуфтам, ҷосусӣ карда наметавонам, зеро аз хурдӣ ин хислат ба ман бегона аст. Лекин гуфтам, роҳи дувумро фикр мекунам”,- гуфта буд Даврон Қодиров дар сӯҳбат бо мо.
Аммо масъулони Маркази назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд рабти бастани чойхонаи “Акбар” бо қазияи Даврон Қодировро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, бештар вазъи санитарии чойхона сабаб шудааст, то онҳо ба дараш мӯҳр зада, барои ислоҳи камбудҳо тавсия бидиҳанд. Аз ҷумла, ба таъкиди онҳо тамоми коргарони чойхонаи “Акбар” бо либоси сафед таъмин шуда, коргарон бояд аз муоинаи тиббӣ гузаштаву дафтарчаи тиббияшонро пешниҳод кунанд.
Масъулони ҲНИТ дар Суғд мегӯянд, ин чойхона муддатҳост, ки фаъолият дошт ва эҳтимол борҳо аз назорати эпидемеологӣ гузаштааст. Ба бовари онҳо, мӯҳри дари чойхонаи “Акбар” дар Хуҷанд бештар ба қазияи Даврон Қодиров рабт дорад, ки ахиран сирри бозпурсӣ ва даъвати маъмурони амниятӣ барои сӯҳбат алайҳи ҲНИТ-ро фош кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |