Дар ҷустуҷӯи номзади ягона, ё шоҳзодаи савори аспи сафед кай меояд?
Марат МАМАДШОЕВ
Интизории эълони номзади ягона аз тарафи нерӯҳои мухолиф, беҳуда ба назар мерасад. Барои мисол, дафъаи охире, ки чи гуна будани номзади ягонаро баррасӣ карданд, ба хулосае омаданд, ки танҳо Паёмбар метавонад ҳамаи ин хислатҳоро доро бошад.
Рӯзҳо мегузаранд ва то замони баргузории интихобот вақти зиёд намондааст, аммо аз номзади ягонаи ваъдагӣ ҳамоно хабаре нест. Мо роҳбари боҳуш, ҷасур, беайберо интизорем, ки кишварро аз ин ботлоқ берун орад. Шоҳзодае рӯи аспи сафед...
Аммо аз ӯ хабаре нест...
Аммо гап сари он нест, ки ин танҳо орзуи кӯдакисту бас. Шаҳзодаҳо дар партовгоҳ намегарданд! Аспи сафедро низ дар ҷои лозимӣ намекобем!
Одаме, ки ҳама мушкилоти ҳаётро дар кишвари мо паси сар намудааст, муҳол аст як инсони поку бовиҷдон бошад. Аксаран, қиссаҳои шоҳону фармонравоёни одил бештар афсонаю ҳамосаанд. Кӣ медонад, Анушервони Одил ё ягон шоҳи дигар, дар ҳақиқат чи гуна будааст?
Дар ҳамин ҳол, агар гӯем шахсияти пешво он қадар муҳим нест, боз ҳам хато кардаем. Даъвои он ки дар тӯли таърих ҳеҷ як фармонравое барои халқи худ ягон кори дар ҳақиқат муфид накардааст, нодуруст хоҳад буд. Албатта, роҳбарони дар ҳақиқат арзанда буданд. Масалан, Ҷорҷ Вашингтон, ки бо хоҳиши худ ё Исмоили Сомонии худамон, ки натарсид аслиҳаро ба мардумаш диҳад.
Дар замони мо низ чунин раҳбарон ҳастанд. Саакашвили дар оғози кораш, сарвазири Малайзия Махатхир, ё ҳамин Эрдуғон. Путин дар оғози кораш низ бад набуд. Аскар Акаев низ дар солҳои аввал кӯшиш мекард коре карда бошад.
Хидмати ин одамон на дар сохтмонҳои бузург (ва бемаънӣ), балки дар кори ҳақиқию фоидаи онҳо буд. Онҳо тавонистанд фасодро коҳиш диҳанд, сармоягузории хориҷию дохилиро ҷалб кунанд, рушди иқтисод ва сатҳи ҳаёти мардумро боло баранд.
Роҳбар бояд маҳз ба ҳамин кор машғул бошад. На ин ки ба деҳқон нишон диҳад, чи гуна сабзавотро бояд кошт ва ҷамъ кард. Ҷиҳати дигари ҷустуҷӯи номзади беайб он аст, ки мо ҳамоно ба худ бовар надорем. Мо омода нестем бори тақдири халқу кишвар, тақдири худро ба дӯши худ гирем.
Мо розием роҳбаре бошад, ки ба мо фармон диҳад, ки ин ҷо раву он кор кун! Ва мо танҳо ҳарфи даҳони ӯро мунтазир бошем!
-Роғунро созем, ҳамаи ҷумҳурӣ роҳат мекунад,- бо ормон гуфт як шиносам. Мо дар хусуси роҳбар низ ҳамин фикрро дорем. Ӯро як бор интихоб мекунему боқии умр ӯ ба ҳар ҷонибе лаҷоми моро кашад, ҳамон тараф меравем.
Аммо дар ҳаёт чунин намешавад, ғайри қобили қабул аст! Дар хусуси ин масъала зиёд андеша рондан ҳатмӣ нест. Роҳбар, албатта, лозим аст.Ӯ бояд нафаре бошад, ки ба ҳадди лозимӣ боҳуш, доно, таълимдида, ватандӯст бошад ва, ба хусус, тавонад танқидро бо оромӣ қабул намояд. Ҳар чизи дигарро бояд ҷомеа ва сохтори он иҷро кунанд. Фикри ҷомеа, ҳизбҳо, ВАО, созмонҳои иҷтимоӣ, олимон, муассисаҳои динӣ ва ғайра. Ин ҳама бояд шабу рӯз роҳбарро, тими ӯро назорат кунанд ва иҷоза надиҳанд онҳо аз роҳи рост берун шаванд.
Муҳим аст дар кишвар расму оини ивазшавии ҳукумат офарида шавад. Дар Қирғизистон, масалан, ин кор қариб амалӣ шуд. Ҳикмати ҷопонӣ чунин аст, ки амалдорон, ҳаммонанди либоси сафед, то вақте наву тозаанд, хубанд. Ҳоло дар Бишкек газ ва оби гарм тамоми сол дар ҳама хонаҳо ҳаст. Дар Душанбе бошад, парчами баланд ва барномаи “Ахбор” ҳаст...
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |