Гул Шералӣ гуфт, иқтидори нерӯгоҳи “Сарбанд” бештар мешавад
Мақомоти Тоҷикистон ба шумули ширкати «Барқи Тоҷик » бо Бонки осиёии рушд дар мавриди таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ёддошти тафоҳум имзо намуданд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, НБО-и «Сарбанд» бо иқтидори умумии 240 МВт тақрибан дар 80 километрии қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе воқеъ гардида, сохтмони он соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Гул Шералӣ, вазири энегетика ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, «лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат дар якҷоягӣ бо «Барқи Тоҷик» ва Бонки рушди Осиё таҳия гардида, ин аввалин таҷдиди НБО-и калон дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи муосир мебошад.»
Ба гуфтаи вазир дар назар дошта шудааст,ки пас аз барқарорсозӣ иқтидори НБО-и мазкур ба 252 МВт расида, он метавонад дар як сол 1,13 млн кВт/соат нерӯи барқ тавлид намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |